Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як зан шавҳарашро бо зарбаи корди ошхона ба ҳалокат расонид. Ҳодиса шоми рӯзи 5 декабр ба вуқӯъ пайвастааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари муноқишаи оилавии сарзада бо шавҳараш, марди 22-соларо бо корди ошхона зарба мезанад, ки зарба ба қисмати дил рост омада, мард дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.