Соати 08:40 дақиқи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва осебу харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 110 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави водии Рашт муқаррар шуда, қувваи заминҷунбӣ дар марказ - 5 балл, дар Душанбе - 3 балл ва дар Нуробод - 2 баллро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминдарза дар марказ ба 4,9 балл баробар будааст.

Маркази заминларза дар 120 километрии шарқи Душанбе, 50 километрии шимоли Муъминобод ва 36 километрии шимолу шарқи Роғун дар чуқурии 51 километр сабт шудааст.