Шаҳрванди 58-солаи Чин бо аризаи мавриди ғорат қарор гирифтанаш ба Шуъбаи ВКД шаҳри Гулистони вилояти Суғд муроҷиат кардааст.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, тибқи ариза шаби 13 январ шахсони номаълум пинҳонӣ ба ҳуҷраи ӯ дар хобгоҳи шаҳраки Зарнисор ворид шуда, 8430 сомонӣ пули нақд, планшет ва 3 телефони мобилиро ба маблағи умумии 10 ҳазор 770 сомонӣ дуздидаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 21-солаи ноҳияи Мастчоҳ боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.