Тағйири ногаҳони ҳаво вазъро дар роҳҳои куҳӣ ба мушкил рӯ ба рӯ кард ва боиси садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шуд.

Баъди бориши зиёди барф дар роҳҳои куҳӣ яхбандӣ мушоҳида гардид ва рӯзе пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз эҳтимолияти он сареҳан хабар додаву шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро  огоҳ карда буд. Мутаассифона, ҳарчанд борҳо хитобан ба ронандагон онҳоро ба эҳтиёкориву риояи қоидаҳои ҳаракат даъват карда будем, боз ҳам на ҳамаи онҳо ин огоҳиҳоро шуниданд ва на қабул карданду на риоя. 

Чунончи, сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат низоми ҳаракатро тибқи қоида риоя накард ва аз уҳдаи идораи мошини тамғаи “Опел”  набаромад. Дар натиҷа мошин ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт. Сабаби он риоя накардани қоидаи мошинронӣ дар роҳҳои яхӣ буд.

Барои бартараф намудани оқибати ин садамаи нақлиётӣ ба ҷойи ҳодиса воҳиди махсуси вокуниши сареъи КҲФ дар минтақаи рашт расид. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз  автокран мошинро аз чуқурӣ берун кашиданд. Хушбахтона, ронанда ва мусофиронаш зарби ҷиддӣ нахӯрдаву саломатанд.  Ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонида шуд ва ҳамагӣ аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад ва аз онҳо хоҳиш менамояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои барфиву яхии куҳиро ҷиддан риоя кунанд, ҳаёти худ ва ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.