Шоми рӯзи душанбе сокини 34-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Раҷабов кушта шуд. Дар ШВКД шаҳри Кӯлоб доир ба чӣ гуна содир шудани ин куштори бераҳмона хабар доданд.

«Бародари кушташуда дар салафигароӣ айбдор дониста мешавад ва нисбати ӯ тафтишот ҷараён дорад. Сайидмаҳмуд Мирзоев, ҳамсояи Бахтиёри кушташуда дар ин мурофиа ба сифати шоҳид иштирок мекунад. Бахтиёр аз ин огаҳӣ ёфта, бо ӯ вомехӯрад ва миёни онҳо муноқиша мешавад. Раҷабов Мирзоевро зарба мезанад. Ӯ ба хона омада, дар ин хусус ба писаронаш – Саидаъзами 32-сола ва Саидмуроди 17-сола хабар медиҳад. Онҳо тасмим мегиранд, ки қасоси падарашонро мегиранд», - гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Мирзоевҳо ба масҷид бо корд меоянд, ки ин «аз ҷинояти тарҳрезишуда гувоҳӣ медиҳад».

«Баъди намоз вақте ки одамон ба хонаҳояшон мераванд, бародарон Мирзоевҳо Раҷабовро фарёд карда, бародари хурдӣ Саидмурод нахуст ба гардани ӯ бо корд зарба мезанад ва дар идома Саидаъзам низ зарбаҳо мезанад. Дар маҷмӯъ онҳо ба ҳамсояашон 17 маротиба бо корд зарба мезананд. Бахтиёр Раҷабов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бародарон мегурезанд», - илова кард манбаъ.

Дар шуъбаи ВКД қайд карданд, ки гумонбаршудагон дар ноҳияи Восеъ, дар хонаи холаашон пинҳон шуданӣ будаанд, лекин дар роҳ ба Восеъ боздошт шудаанд. «Боздошт шахсан бо иштироки сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб Субҳон Мирализода сурат гирифт», - гуфтанд дар шуъбаи милитсияи шаҳр.

Айни замон бародарон Мирзоевҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб нигаҳдорӣ шуда, нисбати онҳо мувофиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин модда ҷазои аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.