Маргталаб худро телеоператор вонамуд карда, байни журналистон худро тарконид: онҳо ба ҷойи таркиши аввал омада буданд.

Дар пойтахти Афғонистон имрӯз ду таркиш рух дод. Тибқи маълумоти охир, бар асари ин таркишҳо дастикам 29 нафар, аз ҷумла 9 журналист ҳалок ва 45 нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба сарчашмаҳои расмӣ хабар медиҳад.

Таркиши аввал соати 8-и субҳ ба вақти маҳаллӣ назди бинои Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар мавзеи Шашдарак рух дод, ки дар он сафоратхонаи ИМА, қароргоҳи НАТО, бинои ҳукумати Афғонистон бо шумули қасри президент, Вазорати мудофиа ва қароргоҳи хадамоти иктишофии ин кишвар ҷойгир аст.

Таркиши дуюм тақрибан пас аз ним соат дар ҷойи тарикши аввал, баъди ба ин ҷо омадани кормандони хадамоти амният ва журналистон ба вуқӯъ пайваст.


Маргталаб худро телеоператор вонамуд карда, байни журналистон худро тарконид: онҳо ба ҷойи тарикши аввал омада буданд.

Бино ба маълумоти як қатор ВАО-и хориҷӣ, аз ин амали террористӣ 9 нафар журналистон ба ҳалокат расидаанд.

Миёни кушташудагон аксбардори агентии иттилоотии France-Presse Шаҳ Мараи ва наворбардорони Шабакаи аввали телевизиони Афғонистон ҳузур дошта, хабарнигори Reuters захм бардошт.

Шаҳ Марай

Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии афғонии ToloNews,  наворбардори шабака Ёрмуҳаммад Тохи ва ду журналист - Салим Талош ва Алӣ Салимӣ ҳалок шудаанд.

Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар миёни кушташудаҳои ин ҳодиса Ибодуллоҳ Ҳанонзай ва Муҳаррам Дурронӣ ва Сабовун Кокар, хабарнигорони бахши афғонистонии Радиои Озодӣ низ ҳастанд.

Ибодуллоҳ Ҳанонзай

Associated Press дар бораи ҳалокати хабарнигор ва наворбардори шабакаи телевизиоии афғонии 1TV Ғозӣ Расулӣ ва Наврӯз Алӣ Раҷабӣ хабар медиҳад.

Масъулияти ин амали террористиро гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтааст, хабар медиҳад агентии Associated press.

«Настоящее время» аз макони таркиш навори видео нашр кард.