Бар асари садамаҳои нақлиёт охири ҳафтаи спаришуда дар роҳҳои ҷумҳурӣ 2 ноблиғ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 1-уми июни соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “БМВ”, Виниченко Иван Михайлович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи Федератсияи Россия, вилояти Новосибирск, ноҳияи Истикимский, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Конибодом-Деҳмой” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Э.Шарифови шаҳри Конибодом бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Содиқов Эҳсонҷон Исломҷонович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми МТМУ, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин 2-юми июни соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” Ҳомидов Маҳмадулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Восеъ-Темурмалик”, дар ҳудуди деҳаи Тозқалъа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Иброҳими Исмоил, соли таваллудаш 2007, хонандаи синфи 4-уми МТМУ, сокини ҷамотаи деҳоти М.Маҳмадалиевро пахш намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодиса пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.