Ин ҳодисаи фоҷеабор қарибиҳои шоми рӯзи 29 январ дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, байни деҳаҳои Ҷарф ва Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, сокини деҳаи Курговади ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Панҷ чаппа мешавад, хабар дод котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Бино ба иттилои ӯ, мусофирони автомашина – як мард, се нафар занону панҷ нафар кӯдакон, ки ҳама сокинон ноҳияи Дарвоз мебошанд, ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки ронандаи автомашина зинда мондааст. Ҷасадҳои ҳалокшудагон аз об гирифта ба пайвандонашон супурда шудаанд. Дар бораи ному насаби фавтидагон маълумот дастрас нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.