Барфрезии бошиддату зиёд ба қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боис гардид, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

“Бинобар сабаби тармафароиҳои зиёд роҳ баста аст. Вазъ дар роҳ соат ба соат душвортар мешавад”, - қайд кард Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, барфрезӣ дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ идома дошта, эҳтимоли фаромадани тармаҳои нав боқӣ мемонад. Дар қитъаҳои роҳ техникаи махсуси роҳнигоҳдорӣ машғули кор аст.

“Қарор дар бораи манъи муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиётро тариқи ин роҳ ситоди махсус қабул мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони ширкати IRS, Вазорати нақлиёт, ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шомиланд”, - зикр кард сардори маркази матбуотии Кумита.

Алҳол маълум нест, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин шоҳроҳ кай барқарор карда мешавад.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.