Пас аз истеъмоли хот-дог дар яке аз нуқтаҳои фурӯши тезтайёри пойтахт дар мавзеи назди Профсоюз 14 нафар кӯдакон бо аломатҳои “илтиҳоби шадиди меъдаву рӯда” дар Беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ бистарӣ шудаанд.

Дар Хадамоати назорати давлатии эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки кӯдакон бо чунин аломатҳои беморӣ пас аз истеъмоли хот-дог, ки дар нуқтаи фурӯши мавзеи Яккачинор онҳоро харидаанд, ба бемористон оварда шудаанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, нисфи кӯдакон аллакай аз бемористон рухсатӣ шуда, боқимонда табобат мегиранд ва вазъи солии онҳо муътадил арзёбӣ мешавад. “То бегоҳ онҳо ҳам ҷавоб дода мешаванд ва сабабе барои ташвишу нигаронӣ нест”, - хабар доданд дар Хадамоти ноҳиявӣ.

Таъкид шуд, ки дар ин нуқтаи фурӯши тезтайёри маҳсулоти ғизойӣ дар кӯча шароитҳои санитарӣ ҷавобгӯи талабот набуда, айни замон нуқта муваққатан баста ва намунаи маҳсулот дар озмоишгоҳ санҷида мешавад.

“Пас аз 48 соат натиҷаҳо муайян гардида, маълум хоҳад шуд, ки дар маҳсулот маҳз кадом сироят ҷой дошт ва ба заҳролудшавии кӯдакон боис гардид”, - хабар доданд дар Хадамоти назорати давлатии эпидемиологӣ.

Зимнан зикр шуд, ки баъди муайян шудани натиҷаҳо нисбати молик ва фурӯшандаи ин нуқта чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.