Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамдастӣ бо наҷотбахшони Оҷонсии Оғо Хон Ҳабитат дар ВМКБ амалиёти муваффақонаи наҷоти 4 сайёҳи исроилиро гузарониданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзи 17-уми сентябр ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр чор сайёҳи исроилӣ паёмаки «SOS» (Наҷот диҳед) фиристоданд.
“Дарҳол аз шумори наҷотбахшони дастаи Кумита дар ВМКБ бо ҷалби ёварони ихтиёрии Оҷонсии Бунёди Оғо Хон Ҳабитат барои ҷустуҷӯ як гурӯҳ ташкил шуд. Зимнан муайян гардид, ки чор сайёҳи аз 23 то 26-сола бо шумули як ҷавонзан дар наздикии мавзеи Кулини ҷамоати деҳоти Вамдқалъаи ноҳияи Шуғнон, дар баландии 4700 метр қарор доранд”, - иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, чун баромадан ба ин баландӣ бо автомашина ва чархбол имкон надошт, наҷотбахшон бо истифода аз аспҳо ва лавозимоти махсус 20 километрро пиёда тай карда, рӯзи 19-уми сентябр ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.
“Дар ҷойи ҳодиса ба Бену Моше Шайи 23-сола ёрии аввалияи тиббӣ расониданд ва субҳи 20-уми сентябр фурудоӣ оғоз шуд. Рӯзи 21-уми сентябр онҳо то кӯли Сарез поин омада, сипас бо қаиқи Кумита ба майдони парвози чархбол ва аз он ҷо ба Хоруғ расонида шуданд. Ду нафар сайёҳон дар Хоруғ монда, ду нафари дигар ба бемористони “Истиқлол”-и Душанбе оварда шуданд”, - гуфт Умеда Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки пеш аз тамошо рафтан ба мавзеи кӯҳистон дар хадамоти наҷотдиҳӣ худро ба қайд гузоштан зарур аст.
Ҳамчунин, ба қавли Умеда Юсуфӣ, ҳаноми танҳо ба тамошои кӯҳ рафтан, пайвандону наздиконро дар ин бора огоҳ кардан, бо худ гирифтани миқдори зарурии ғизо ва об, доруворӣ, либоси гарм ва телефони мобилӣ лозим аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Smart-освещение, многофункциональная мебель и никакого блеска: тренды интерьерного дизайна
Как выплачиваются декретные и пособия по уходу за ребенком в Таджикистане?
Можно ли поменять свою подпись, и как это сделать в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
«Политик работает не для себя, а для народа». Взгляд на 101-летний путь Низорамо Зариповой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста