Дар яке аз садамаҳои нақлиётии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” зану шавҳар ҷон бохтанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 6-уми октябр автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи Толибҷон Усмонов дар болои пули ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба сабукрави «Опел-Вектра» таҳти идораи Абдуқаҳҳор Қаландаров бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» Қаландаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба фавтидааст. Ҳамзамон мусофири «Опел-Зафира» Мубинҷон Ҳомидов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 4-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада-Калина” Акрамҷон Ашуров зимни ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд” дар ҳудуди ҷамоати Зидеҳи ноҳия Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда бо ҳамсараш Рӯзигул Одинаева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофир Суҳроб Меликов дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.