Старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Ҷобир Одиназода як ҷавонзани 22-соларо аз дарёи Сир берун овардааст.
Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 1-уми ноябр, тахминан соати 10 сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қ.Л. худро бо мақсади худкушӣ аз болои кӯпруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ба дарёри Сир партофтааст. Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Ҷобир Одиназода, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, худро ба об андохта, ин заро дар рӯ ба рӯйи меҳмонхонаи “Суғдиён” (собиқ меҳмонхонаи Ленинобод) наҷот дод.
Ин амали саривақтӣ боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломатӣ ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад.
Старшинаи милитсия Ҷобир Одиназода 31 сол дорад. Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти кориашро аз моҳи декабри соли 2010 аз ХД “Муҳофиза”-и ШВКД дар шаҳри Гулистон оғоз карда, айни ҳол дар ШВКД-и шаҳри Хуҷанд давом медиҳад. Маълумоташ олии ҳуқуқуқшиносӣ.
Барои ғайрату матонат Одиназода Ҷобир Латиф бо “Медали далерӣ” аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Экс-глава управления здравоохранения Согда освобождён после штрафа по делу о взятке
От рынков до онлайн-площадок: как защищают права потребителей в Таджикистане
Сколько на самом деле стоит школьное образование в Таджикистане?
Милиция Душанбе предупредила руководителей рынков об ответственности за рост цен перед Рамазаном
Фильм «Битва за битвой» получил шесть «Оскаров». Кто еще забрал статуэтки?
Неизвестные вооруженные лица убили гражданку Таджикистана в афганском Кундузе — СМИ
Европейский инвестфонд вложит более $200 млн в таджикскую авиакомпанию Shohin Airlines
Долговая ловушка. Как в Таджикистане взять кредит и не пожалеть об этом?
Казахстанцы одобрили новую Конституцию страны — Центризбирком
Radisson Collection приходит в Таджикистан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста