Дар Қазоқистон зимни садамаи нақлиёт 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол шудаанд.

Тибқи иттилои Каzakhstan Today, ин бархӯрди нақлиёт дар вилояти Қарағанда рух додааст.

Шаби 11-уми ноябр ронандаи автобуси Van Hool (шаҳрванди Қирғизистон) ҳангоми ҳаракат ба самти Алмаато бинобар яхбандии роҳ аз уҳдаи идораи мусофиркаш набаромада, ба автоприсепи мошини Volvo бармехӯрад.

Теъдоди мусофирони автобус 15 нафар будааст. Бар асари садама 5 мусофири тоҷикистонӣ маҷруҳ шудаанд. Онҳо феълан дар бемористони маҳаллӣ бистариянд.

Сабаби ин садама аз сӯйи мақомоти интизомӣ таҳқиқ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.