Дар пайи садамаҳои рӯзи гузашта дар кишвар 2 нафар, аз ҷумла, писари 6-сола ҷон бохтанд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, рӯзи 18-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53“ Довут Давлатмамадови 42-сола, корманди идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернат Далер Миравазбекови 6-соларо, ки машғули бозӣ будааст, пахш кардааст. Кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-311” Дороб Пиримов ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баҳодур Пирови 63-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.