Як марди 23-сола дар Исфара ҳамсарашро маҷруҳ карда, хушдомани худро куштааст.

Ин сокини ҷамоати деҳоти шаҳраки Исфара ба ШВКД-1 бо аризаи худиқрорӣ ҳозир шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард рӯзи 4-уми декабр аз сабаби муноқиша дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола) ба узвҳои бадани ӯ бо корди хоҷагӣ 6 маротиба ва ба узвҳои бадани завҷаи худ (23 -сола) низ 4 маротиба задааст. Дар натиҷа хушдоманаш ба ҳалокат расида, ҳамсараш бо ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бистарии бемористон шудааст.   

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.