Ҳавопаймои тамғаи Боинг-737-и Украина бо 180 мусофир дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Имом Ҳумайнӣ дар Теҳрон дучори садама шуд. Дар ин бора хабаргузории Tasnim ва бо истинод ба он РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо аз сабаби “мушкили техникӣ” ба садама дучор шудааст. Ҳавопаймо аз Теҳрон ба самти Киев парвоз мекард.

Аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дода намешавад.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, маълумот дар бораи ин ҳодисаро роҳбари фурудгоҳ тасдиқ карда, изҳор доштааст, ки аз парвози ҳавопаймо дере нагузашта, ин ҳодиса рух додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.