Имрӯз ҷасади донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки дирӯз дар рӯди Душанбе ғарқ шуд, дарёфт гардид.
Ба иттилои КҲФ, ин донишҷӯй 22 сол дошта, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мебошад ва дар хобгоҳи ҳамин донишгоҳ истиқомат мекардааст. Номбурда дирӯз 16 апрел дар шафати Маҷмааи варзишии “Қасри тенис”, хиёбони Ҳ. Шерозии ноҳияи И. Сомонӣ ҳангоми убур аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе сарозер шудаву дар оби пурталотуми дарё ғарқ шудааст.
Бегоҳии рӯзи 16-уми апрел, соати 19:10 дақиқа шаҳрванд Алишер Оймаҳмадов ба навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки як нафар ҳангоми убур аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе сарозер шудаву дар оби дарё ғарқ шудааст. Мавсуф гуфтааст, ки шоҳид буд, ки ин ҳодиса соати 18:30 дақиқа рух дод.
Гурӯҳи зудамали наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасад то соати 22:30 дақиқа идома кард. Вале бенатиҷа.
Аммо субҳи имрӯз ғаввосони наҷотбахши Раёёсати кумита корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд ва ҷасад пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Генпрокурор РФ заявил о необходимости усилить профилактику правонарушений мигрантов
Байден подписал закон о военной помощи Украине на $61 миллиард
Предприниматели Таджикистана и Италии подписали договора на более $160 миллионов
Таджикистан увеличил экспорт драгметаллов и камней в 1251 раз
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 апреля 2024 года
Где в Таджикистане сдать тест на ДНК и во сколько это обойдется?
В Душанбе проходит выставка художниц из «Мастерской Оро»
В Кабуле талибы захватили дом Захира Агбара и Абдулрашида Дустума
В Таджикистане предупредили о риске появления чумы
Эмомали Рахмон обсудил в Риме ход строительства Рогунской ГЭС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста