Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандаи мошинеро, ки ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуда буд, аз дохили он берун оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, шаби 23-юми апрел дар километри 92-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд мошини тамғаи “Опел Астра”, ки онро сокини 34-солаи шаҳри Душанбе идора мекард, ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуд.

Гуфта мешавад, то омадани имдодгарон сокинони маҳаллӣ ба мусофир, ки аз мошин берун шуда, талош мекард, аз ҷарӣ берун шавад, ёрӣ расонданд.

“Наҷотбахшони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ронандаи мошинро, ки дар дохил монда буд, пас аз кушодани дар бо ёрии таҷҳизоти махсус берун кашиданд, - омадааст дар хабари Кумита. - Ронанда ва мусофирони он ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ва бистарӣ шуданд”.

Зикр мешавад, ки тӯли семоҳаи аввали соли 2020 кормандони КҲФ 39 нафарро дар садамаҳои нақлиёти роҳҳои кишвар наҷот доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.