Кормандони Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд рӯзи 29 июн духтари 19-солаеро, ки ба қасди худкушӣ аз болои пули Исмоили Сомонӣ худро ба Сирдарё партофтанӣ буд, наҷот доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар суҳбат бо кормандони Раёсат духтар гуфтааст, бар асари муноқишаи оилавӣ ба ин кор даст задааст. Аммо ҷузъиёти бештари ин муноқишаро шарҳ надодааст.

Гуфта мешавад, ин 5-умин ҳодисаи қасди худкушӣ дар вилояти Суғд аз аввал сол аст, ки наҷотбахшон пешгирӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.