Ҷавонзани 23-сола, зодаи шаҳри Норак як марди 21-солаи зодаи ноҳияи Ҳамадониро бо зарбаи корд захмӣ кард. Ҳодиса дар ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

“Шоми 6 сентябр ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш қарор доштанаш ҷавонзани 23-солаи зодаи шаҳри Норак, муваққатан истиқоматкунандаи пойтахт, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ зада, бо корд 1-маротиба ба пойи росташ задааст”, - хабар медиҳад дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.