Бино ба иттилое, ки “Азия-плюс” аз як манбаи маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯшон Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба даст овард, дирӯз дар ноҳияи Рӯшон як хонандаи синфи 9 худро ба дарё партофтааст. Баъди дидани ин ҳодиса ду сарбозони постгоҳи наздик ба ҳодиса низ барои наҷоти ин кӯдак худро ба дарё афкандаанд, ки ҳар се ғарқ шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин субҳ хабари ба дарё афкандани хонандаи мактаб хабар дода буд, ки бино ба маълумоти ин ниҳод “хонандаи синфи 9-ум аз маркази ноҳияи Рӯшон ВМКБ рӯзи 1 октябр дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Бартанг ва Панҷ худро ба дарё афкандааст”.
Умеда Юсуфова, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Азия-плюс” ҳамчунин ғарқ шудани ду сарбози дигарро таъйид кард, вале гуфт маълумоти пайдо шудан ё нашудани ҷасадҳоро ҳоло дар ихтиёр надоранд.
Ба гуфтаи манбаи маҳалии “Азия-плюс” хонандаи мактаб баъди як ҷанҷоли хонаводагӣ худро ба дарё мепартояд. “Вақте сарбозон ин ҳодисаро мебинанд, як сарбоз барои наҷоти кӯдак худро ба дарё меандозад, ки ғарқ мешавад. Сарбози дигар барои наҷоти ҳамхидмати худ мешитобад, вале мутаассифона ӯ ҳам ғарқ мешавад”,-мегӯяд манбаи мо.
То ҳол ниҳодҳои масъул ҳувияти ғарқшудагонро расонаӣ накардаанд, вале ба гуфти манбаи мо ҷасади хонандаи мактаб ва яке аз сарбозонро пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯйи ҷасади сарбози дигар идома дорад. Ба иттилои ин манбаъ мардуми маҳаллӣ дар баробари ниҳодҳои масъул ба ҷустуҷӯйи ҷасади сарбоз пардохтаанд.
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаи мо, “гӯё ҳар ду сарбоз рӯзҳои охирини хидмати худро сипарӣ мекарданд ва дар моҳи ноябр бояд ба хона бармегаштанд, аммо ҷавонмардӣ нишон додаву ба ин ҳодиса гирифтор шуданд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Какое культурное наследие теряет Иран под ударами бомб
Гид по лучшим фотозонам Душанбе к Наврузу
Евросоюз и фонд ALIPH выделят 1,5 млн евро на охрану культурного наследия в Центральной Азии
Экс-глава управления здравоохранения Согда освобождён после штрафа по делу о взятке
От рынков до онлайн-площадок: как защищают права потребителей в Таджикистане
Сколько на самом деле стоит школьное образование в Таджикистане?
Милиция Душанбе предупредила руководителей рынков об ответственности за рост цен перед Рамазаном
Фильм «Битва за битвой» получил шесть «Оскаров». Кто еще забрал статуэтки?
Неизвестные вооруженные лица убили гражданку Таджикистана в афганском Кундузе — СМИ
Европейский инвестфонд вложит более $200 млн в таджикскую авиакомпанию Shohin Airlines
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста