Дирӯз ҷасади Раҷабалӣ Назарови 19-сола, сарбозеро, ки гуфта мешавад дар қисми низоми 15426 Қушунҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб хидмат мекард, ба хонаводааш супурданд. Раҷабалиро дирӯз дар зодгоҳаш деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич ба хок супурданд.
Ба гуфтаи наздиконаш, ин сарбози марҳум моҳи сентябри 2020 довталабона ба артиш рафта буд, ки дар яке аз қисмҳои низомии Хатлон хидмат мекард ва ҳамагӣ 5 рӯз пеш барои идомаи хидмат ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ бурда шуда буд.
Муҳриддин Назаров, бародари Раҷабалӣ, сарбози фавтида ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади додарашро субҳи рӯзи 21-ум апрел кормандони комиссариати ҳарбӣ ва масъулини чанд мақомот оварданд. Мақомот гуфтаанд, сабаби марги сарбоз дарди шадиди гурда ва чанд иллати дигар аст, аммо пайвандонаш бовар надоранд ва мегӯянд, ӯ аз саломатии худ шикояте надошт.
“Ҳуҷҷате, ки ба мо нишон доданд, бемории гурдаҳо гуфтаанд, аммо гурда аз кор монад, лаб кабуд намешавад. Болои бинияш каб-кабут аст ё бо қафои автомат ё бо ягон арматура сахт задаанд. Пушти сараш даридагӣ ва баъзе ҷойҳои оринҷ осори захм дошт”, - мегӯяд бародари марҳум.
Аммо дар варақаи тиббие, ки ба оилаи Назаровҳо додаанд ва нусхаи он дар ихтиёри “Азия-Плюс” низ ҳаст, гуфта шудааст, ки сабаби марги сарбози ҷавон “варами шадиди майнаи сар, варами шадиди шушҳо, норасогии шадиди нафас ва кори дилу рагҳо” мебошад. Аммо хонаводаи Назаровҳо ба ин бовар надоранд ва мегӯянд, Раҷабалӣ боре ҳам бистарӣ нашуда буд.
Муҳриддин Назаров иддао дорад, ки додараш аз беморие ҷон набохтааст, балки ӯро задаанд ва дар пайи шиканҷаи сахт ё марги маҷбурӣ фавтидааст. “Агар одам худаш фавтад, чаро чандин осеб дар тани ӯ ҳаст?”
Аммо дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз варақаҳои расмии тиббии марги ин сарбоз, қазияро дигар шарҳ надодаанд.
Вай гуфт, падару як бародараш дар Русия ҳастанд ва баъди шунидани марги писар дар роҳ ба сӯйи Тоҷикистон мебошанд. Муҳриддин гуфт, падараш таъкид кардааст, ки ҳатман баъди расидан ба деҳа ҷасади Раҷабалиро аз хок берун мекунад ва такроран ба ташхис мебарад.
Хонаводаи Назаровҳо мегӯянд, ин қазияро то ба додгоҳ ва ниҳодҳои марбута мекашанд, то ба марги Раҷабалии ҷавон равшанӣ андохта шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
10 лет назад аппарат «Розетта» впервые сел на комету – благодаря труду женщины-астронома из Таджикистана
Госдума РФ приняла закон о запрете пропаганды чайлдфри
«Нет разрешения». Наземная доставка товаров из Китая в Таджикистан временно приостановлена
В России задумали проверять детей мигрантов на знание русского языка
В Казахстане предложили аннулировать оформленные мошенниками кредиты
Рогатки на базарах Душанбе. Их запретят?
ПЛАС-Форум Digital Tajikistan: инновации и тенденции для будущего Таджикистана
В Казахстане в ноябре начнут выдавать новые визы для иностранцев
Таджикистан и Свердловская область России начинают сотрудничество в сфере туризма
Эмомали Рахмон выступит на климатическом саммите в Баку одним из первых
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста