Ду ҷавон ва яке ҳоло ноболиғ охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шимоли кишвар дар Сирдарё ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, як навраси 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст.

“Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз дарё берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад,  инчунин як сокини 19-солаи шаҳри Панҷакент низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ӯро ба коми дарё кашидааст.

“Номбурда, ки шояд қоидаҳои оббозиро намедонист, натавонист худро ба соҳил расонад ва дар мавҷи пурталотуми дарё ғарқ шуд”, - зикр мешавад дар хабар.

Тибқи маълумоти КҲФ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 34 нафар ғарқ шудаанд, ки 14 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.