Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ду мошини ширкати "Як такӣ"-ро оташ задаанд. Гуфта мешавад ба мошинҳо бензин пошида, пасон оташ задаанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 5-уми феравл рух додааст.
Дар ин бора, Валӣ Бегиҷонзода сардори қисми ҳарбии Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Бохтар хабар дод.
“Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, яъне 5 феврал, соатҳои тақрибан соати 1:30 ба қисми навбатдории мо хабар оташ гирифтани ду мошини филиали ширкати “Як таксӣ” дар шаҳри Бохтар расид. Мо тавонистем сари вақт оташро хомӯш карда, 12 мошини дигарро аз оташ наҷот бидиҳем. Ҳодиса дар парки техникии ширкат воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар рух додааст”,- гуфт Бегиҷонзода.
Ба гуфти Валӣ Бегиҷонзода таҳқиқи мутахассисони онҳо нишон додааст, ки сухтор қасдан содир шудааст.
“Ба мошинҳо бензин пошидаю оташ задаанд. Мо хулосаи худро ба ШВКД дар шаҳри Бохтар ирсол кардем ва таҳқиқи минбаъдаро онҳо пеш мебаранд”,- изҳор дошт манбаъ.
Як манбаъ аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса ШВКД таҳқиқро шуруъ кардааст ва гумонбаронро дастгир кардааст. Вале дар бораи шахсияти гумонбарон маълумоте дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки ширкати “ЯК такси” филиали худро охири моҳи январ дар шаҳри Бохтар бо ҳузури шаҳрдори шаҳр Сиҷоуддин Саломзода боз карда буд, ки аксари мошинҳои ин ширкат тамғаи Volkswagen мебошанд.
Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса маълум нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Как в Таджикистане дискриминируют мам детей с синдромом Дауна
«Москве придется чем-то платить». Что будет с российскими военными в Сирии после падения режима Асада?
SRP DevCon -2024: от цифровой трансформации до кадрового потенциала в IT-индустрии
«Нельзя причинять вред другим людям». В муфтияте Казахстана осудили молящихся на автодороге
В Таджикистане владельцев скутеров обязали получать госномера
В Душанбе задержали очередного «целителя»
Правозащитница Дилрабо Самадова о дедовщине, молодежи и китах
В Таджикистане прекратили работу 17 транспортных компаний
Может ли Таджикистан принять у себя футбольный Кубок Азии-2031?
В России утвердили нормы размещения данных о нелегальных мигрантах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста