Дар як коллектори воқеъ дар ҷанубу шарқи Маскав ҷасади се нафар коргарон, ки чанде пеш дар корҳои тозакунӣ иштирок доштанд, дарёфт шуданд, хабар додаанд ба РИА Новости аз прокуратураи пойтахт ва Раёсати КҲФ.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ду тан аз ҳалокшудагон шаҳрвандони Қирғизистон ва як нафараш шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар ноҳияи Люблино 13 нафар коргароне, ки обравро тоза мекардаанд, ҳангоми боришоти хеле шиддатнок даруни чоҳ (шахта) монда, чандеро об бурдааст.


Панҷ нафар аз чоҳ (коллектор) мустақилона баромада, панҷ нафароо имдодгарон берун меоранд ва се нафар гум шудаанд.

“Аввал ҷасади як нафар ва сипас боз ду тани дигар дарёфт шуд”, - изҳор доштааст ба РИА Новости роҳбари дафтари матбуоти прокуратураи Маскав Людмила Нефедова.

Дар бораи ному насаб ва дигар ҷузъиёти шахсияти ҳалокшудагон маълумот дода намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.