Мақомоти прокуратура аз рӯи далели ҳалокати се муҳоҷир дар як обрав (коллектор)-и шаҳри Маскав парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Яке аз ҳалокшудагон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Сафорати Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаки зарурӣ ба пайвандони марҳум изҳори омодагӣ кард.

Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 7 август ҳангоми баргузории корҳои таъмир дар обрав рух дода, дар натиҷа 12 нафар коргарон дар даруни чоҳи обрав дармонданд. Чор нафар мустақилона аз он баромада, панҷ нафарро наҷот доданд ва се тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Се нафари боқимонда аз чоҳ баромада натавониста, ҳалок шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дирӯз, 8 август дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод, аз ин ҳодисае, ки бар асари он як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расид, огаҳанд.

“Сафорат ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор намуда, барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида омода аст”,- зикр мешавад дар хабари сафорат.

“Аз рӯи маводи санҷишӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷараёни тафтишот зери назорати прокуратура аст”, - хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба прокуратура.

Ба иттилои манбаъ, прокуратураи Маскав ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузории федералӣ дар бораи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ санҷиш мегузаронад.

Хабаргузории INTERFAX менависад, дар доираи парвандаи марги се коргар дар ҷоҳи обрав роҳбари 38-солаи ташкилоти паймонкор боздошт шудааст.

“Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар ташкилоти паймонкор кофтуков гузаронида шуда, ҳуҷҷатҳои хидматӣ мусодира ва ҳамаи ташхисҳои судӣ таъин карда шуданд”, - зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.