Бар асари тирпаронӣ дар тамрингоҳи низомии вилояти Белгород, ки расонаҳо аз он ҳамчун амали террористӣ зикр мекунанд, 11 нафар кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати дифои Русия.
Гуфта мешавад, ҳамлагарон ду нафар зодаи яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳангоми машқи тирпаронӣ ба сӯи ҳамхидматони худ тир парронда, худашон ҳангоми оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Дар бораи маҳз аз кадом кишвари ИДМ будани ҳамлагарон мушаххас маълумот дода намешавад.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъи Русия, дар ин тамрингоҳ нафароне, ки бо роҳи сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш даъват шуда буданд, барои ҷанг ба Укроин омодагӣ медиданд.
Нашрияи “Коммерсантъ” менависад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 105 КҶ ФР (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷазои ҳадди ниҳоӣ мутобиқи он 20 соли маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.
Тибқи маълумоти нашрия, ба корҳои тафтишот Раёсати тафтишоти ҳарбии Кумитаи тафтишот дар Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ машғул буда, сипас парванда ба Сарраёсати тафтишоти ҳарбӣ супурда мешавад.
Соглашение по госгранице: Какими участками обменялись Таджикистан и Кыргызстан?
Летние школы и стажировки в Азии. Дедлайны уже близко
Дорога в Ворух будет нейтральной
Что таджикистанцы знают о политических партиях и кандидатах в парламент?
В Таджикистане представили AION – первое кредитное бюро на базе ИИ
Toyota провела в Душанбе конференцию для дилеров
Парламентские выборы в Таджикистане: от начала до сегодняшнего дня
Гражданин Таджикистана арестован в США по обвинению в поддержке ИГИЛ и терроризме
Россия продлила запрет на экспорт бензина. Затронет ли это Таджикистан?
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка Парвин Юсуфи, вечер музыки от MUZA и ярмарка мастеров «МартАртМаркет»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста