Дар доираи қазияи Мадина Ҳалимова, зане аз Фархор, ки гуфта мешавад, чаҳор кӯдакашро ба дарё партофтааст, то имрӯз, 15-уми июл ду мурофиаи додгоҳӣ баргузор шуда, зан гуфтааст, ки “аз рашк” ба чунин кор даст зад ва “аз кардааш пушаймон аст”.

Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон Мадина Ҳалимова бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт. Каме поинтар худаш аз дарё берун шуд, вале кӯдаконро об бурд. То ҳол ҷасади се фарзанди хурдсоли ӯ пайдо шуда, ҷустуҷӯи як тифли 5-солаи дигар идома дорад.

Шавҳар ва наздикони зан иддао доранд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст заданаш шуд. Вале вакили дифои Мадина Ҳалимова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” бархе ҷузъиёти ин қазияро аз қавли худи зан нақл кард.

Беҳрӯз Алиев, вакили дифои Мадина Ҳалимова, ки чанд бор бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, гуфт, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.

“Аз сабаби он ки дар он шабу рӯз шавҳарам мошини нав харид, ба шаҳри Кӯлоб як шаҳу арӯс бурд ва шаб дар бағоҷи мошинаш гулҳо ва шиму костюмро дидам, рашкам зиёд шуд”, - гуфтааст Мадина дар суҳбат бо вакили дифояш.
Ин ягона акси Мадина Ҳалимова, ки дастраси расонаҳо шудааст.
Акс аз шабкаҳои иҷтимоӣ

Зан дар идома ба вакили дифоаш гуфтааст, ки "шаби ҳодиса ба телефони шавҳарам аз номи як хонум паём омад ва баъди хондани суҳбати шавҳарам бо он зан, рашкам зиёд шудан гирифт. Баъд рафтам ҳамин корро кардам”.

Бо ин вуҷуд, Мадина Ҳалимова гуфтааст, ки “аз шавҳараш ягон шикоят надорад”.

Ин зан ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кардааст, ки “аввал се кӯдакро ба дарё андохтам, чорумиро дар бағал гирифта, худро ба дарё партофтам”.

“Дар хотир дорам, ки вақте дар об ғӯта мезадам, ҷонам ширинӣ кард ва кӯдакро партофтаму як буттаро дошта, берун баромадам ва то саҳар дар даруни ҷангал гиря карда нишастам”, - илова кардааст Мадина Ҳалимова.

Вакили дифои Мадини Ҳалимова дар ҳоле фарзияи бемории рӯҳӣ доштани занро рад мекунад, ки қаблан, шавҳар ва падари зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” “бемори руҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа гуфта буданд.

Эҳтимоли фарзияи "бемории рӯҳӣ"-ро Сайфулло Ҳалимов, падари Мадина Ҳалимова имрӯз, 15-уми июл, дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” дубора ёдовар шуда, гуфт, “ӯро барои бозпурсӣ ба мурофиа даъват карда, аз вазъи саломатӣ ва ҳолати равонии духтараш пурсидаанд”.

Падари ин зан гуфт, то ҳол Латофати панҷсола – фарзанди калонии духтараш пайдо нагардидааст ва ҷустуҷӯ идома дорад.

Ба иттилои Беҳруз Алиев, ҳоло нисбати Мадина Ҳалимова барои одамкушӣ ё чанд банди моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ӯ дар боздоштгоҳ аст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки то ҳол се кӯдаки ин зан - Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа ва Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шуда, ҷустуҷӯи Латофати Абдуллохонзодаи 5-сола идома дорад.

Нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд ва ин баҳси тундеро ба миён овард.

Баъдтар, КҲФ ва ВКД дар суҳбат бо расонаҳо ҳодисаро тасдиқ карда, вале то ҳол иттилои расмӣ нашр накардаанд.

То ҳол танҳо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен дар робита ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода гуфт, ки “масъалаи зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдакон нигаронкунанда буда, ин ҳодиса андешидани чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон тақозо мекунад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.