Дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав намояндагони Росселхознадзор ба вуруди 3 сар мурғ ва 13 кабӯтар ба қаламрави кишварашон иҷоза надода, онҳо ба кишвари фиристанда бозпас гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти Агентство городских новостей «Москва» бо истинод ба хадамоти матбуоти фурудгоҳ, мурғҳову кабӯтарон аз назорати байторӣ дар фурудгоҳ нагузаштаанд.

«Дар терминал барои мусофирони фурудгоҳ интиқоли маҳсулоти таҳти назорат қароргирифта, ки бо риоя нашудани талаботи байторӣ ва санитарии Иттиҳоди гумрукӣ ва қонунгузории амалкунандаи байтории Русия ворид гардидааст, боздошта шуд. Зимни анзаназаргузаронии бори дастӣ ва бағоч аз Тоҷикистон аз кӯшиши ворид кардани 13 кабӯтар ва 3 сар мурғ пешгирӣ шуда, бор ба кишвари интиқолдиҳанда баргардонида шуд», - қайд мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин илова мешавад, ки вуруди мурғу кабӯтарҳо бидуни асноди дахлдори байторӣ ва иҷозаи Росселхознадзор сурат гирифтааст.