Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати ба таносуб овардани вазну қади кормандони милится дастур дода, комиссияи махсус иҷрои ин дастурро назорат мекунад.

«Ҳанӯз ду моҳ пеш ман дастур дода будам, ки вазни кормандони милитсия ба тартиб оварда шавад, зеро вақте ки корманди милитсия фарбеҳ шуд, қобилияти кории ӯ суст мешавад. Вазни корманди милитсия бояд ба ҷадвали байнулмилалии таносуби синнусол ва қаду баст мутобиқат кунад», - қайд кард вазир.

Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи мутобиқати қаду вазни корманди милитсия, ҷадвали маъмули таносуби вазн ба синнусол ва қаду бастро манзуратон мегардонем.