Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ду ронандаи нақлиёти ҷамъиятии сархуш аз шаробу маводи мухаддиро боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Шуъаби БДА-и пойтахт Мирзо Саидов хабар дод, ронандаи троллейбуси хатсайри №1 аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати мастӣ аз шароб ва ронандаи маршруткаи №16 дар ҳолати сархушӣ аз маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт ва ташхиси тиббӣ ин вазъи онҳоро тасдиқ кардааст.

«Ҳарду ронанда аз ҷониби суди дахлдор ҳар кадоме ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуда, аз рӯи қонун бояд дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонигӣ ҷарима пардохт мекарданд, лекин суд ба ин имкон надоштани онҳоро ба инобат гирифта, аз ҷарима озод кард, - қайд кард Саидов. - Ҳарду ронанда аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол маҳрум карда шуданд».

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ субҳгоҳон пеш аз ба кор баромадан ҳатман бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.