Суди шаҳри Хуҷанд собиқ имомхатиби як масҷиди панҷвақтаи ин шаҳрро ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва таблиғи ақидаҳои ин гурӯҳ, 6 сол зиндонӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдуллоҳ Сайдуллоев бар пояи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ" ба зиндон маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, Хуҷанд, Абдуллоҳ Сайдуллоев, сокини 35- солаи маркази вилояти Суғд, солҳои 2004 - 2007 дар Арабистони Саудӣ таҳсили динӣ карда, баъд аз бозгашт ба ватан, муддате имомхатиби масҷиди "Сари санг"-ро бар ӯҳда дошт ва дар масҷид ва манзилаш ба тарзи салафӣ намоз мегузорид.

Як сокин дар мурофиа бар зидди ӯ шаҳодат додааст, ки дар намозгузорӣ даст боло кардани ӯ вақти шурӯъ кардан ба намоз аз дигарон фарқ мекард ва ӯ ҳамин тавр намоз гузориданро дуруст дониста, ба дигарон талқин менамуд.

Ҳангоми боздошти Сайдуллоев дар моҳи октябри соли 2017, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз манзили зисти ӯ ҳудуди 200 адабиёти динӣ ва бархе мамнӯъ дар Тоҷикистон, мисли китоби "Паноҳгоҳи мусалмон" дарёфт ва мусодира кардаанд. Ҳамчунин мақомот 2 бародари Абдуллоҳ Сайдуллоевро, ки дар кишварҳои арабӣ қарор доранд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Бар пояи хабарҳои расмӣ, шурӯъ аз соли 2016 дар вилояти Суғд беш аз 20 имом барои узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва пайравӣ аз равияи "Салафия" боздошт ва зиндонӣ гардиданд.