Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки кормандони БДА, ки гӯё аз сайёҳони Руминия пул тамаъҷӯӣ кардаанд, барои риоя накардани Кодекси касбии ахлоқи кормандони милитсия аз кор озод карда шудаанд: онҳо бо сайёҳон муносибати хуб накарда, ҳамчунин тарзи либоспӯшиашон низ ҷавобгӯи қоидаҳо набудааст.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

- Агар сайёҳ аз Руминия Михай Сика дар бораи пултамаъкунии кормандони БДА ариза менавишт, мо нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мекардем, лекин ҳарчанд ин ҳодиса як сол пеш рух дода бошад ҳам, то ҳол дар ин хусус ба мо ариза нарасидаааст, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, шуъбаи байнулмилалии ВКД айни замон ният дорад, ки бо ин сайёҳон дар тамос шавад, то ки онҳо аз рӯи далели порагирӣ ариза нависанд. Ҳамзамон ВКД тафтиши дохилӣ мегузаронад.

Баъди нашри навори видео дар шабака санаи 28 майи соли 2018 ВКД ба тафтиши ҳодисаи мазкур оғоз намуд. Навори видео аз ҷониби Михай Сика, сайёҳ аз Руминия гузошта шуд, ки соли гузашта аз Тоҷикистон боздид карда буд.

Саёҳати шаҳрвандони Руминия бо мотосиклҳо тариқи 5 кишвар сурат гирифта, муддати 50 рӯз онҳо 25 ҳазор километр масофаро тай намуданд. Дар Тоҷикистон онҳо 5 рӯз ҳузур дошта, бо роҳҳои душворгузар ҳаракат карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.