Баъди ҳодисаи тирпарронӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе кормандони шуъбаи милитсияи он қисман иваз карда мешаванд. Дар ин бора аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ ӯ тир холӣ кард.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад. Сардори шуъба боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тирпарронида Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ВКД тафтиши дохилии ин ҳодисаро идома дода, ошкор карданист, ки бо кадом сабаб байни сардор ва зердасташ муноқиша рух додааст. Ҳамчунин прокуратура дар нақлиёт низ ба тафтиш машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.