Бозраси ротаи хадамоти роҳбонии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон прапоршики милитсия Ғайратҷон Қурбонов барои пахши пиёдагард, ки ба ҳалокати ӯ боис гардид, ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, нимаи тобистони соли гузашта дар роҳи автомобилгарди Рӯдакӣ – Душанбе ӯ дар ҳолати мастӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи Toyota MR-2 набаромада, бо суръати баланд пиёдагард Шавкат Азизовро пахш мекунад, ки аз ҷароҳатҳои бардошта дар роҳ ба бемористон ӯ ҳалок мешавад.

Гуфта мешавад, автомашинаи тамғаи Toyota MR-2 ба бародари Қурбонов тааллуқ дошта, ӯ онро бидуни ҳуҷҷати дахлдори иҷозатномавӣ идора мекардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ Ғайратҷон Қурбонов дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол ва ҷазои иловагии маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи нақлиёт ба муҳлати 10 сол таъин карда шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 285 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳҳо 395 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 357 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.