Шаҳрванди Афғонистон Аминуллоҳ Бисмилоҳзода дар хонаи иҷорааш дар маркази шаҳри Душанбе ҳудуди 49 кило маводи нашъаовари навъҳои  ҳашиш ва афюнро нигоҳдорӣ мекард, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ин миқдор маводи нашъаоварро ӯ аз Афғонистон барои фурӯш ба Тоҷикистон овардааст. Дар мавриди муайян кардани ҳаммаслакони шаҳрванди боздоштшудаи Афғонистон чораҷӯӣ мешавад.

Нисбати дастгиршуда аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Агентӣ мутобиқи моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ё маводи психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин модда ҷазои то 20 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.