Давоми як ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон 1 ҳазору 292 нафар ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ (маршруткаҳо) ҷаримабандӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ҷаримаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин ҳолатҳо аз 55 то 110 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, давоми рейду амалиёти якҳафтаина барои худсарона баромадан аз хати сайр низ боз 47 нафар ронандагон ҷарима баста шудаанд.

Гуфта мешавад, тӯли ҳафтаи сипаришуда ҳамчунин аз ҷониби кормнадони БДА 8 нафар ронандагоне боздошт шудаанд, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот сари чанбараки воситаи нақлиёт қарор доштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар 846 ҳолат риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон низ ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.