Суди шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Фархор Орзу Сайдалиеви 23-соларо ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Суди шаҳри Душанбе, ӯ моҳи апрели соли 2018, ҳангоми дар Қазоқистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, бо истифодаи телефони мобилӣ тавассути шабака ва барномаҳои интернетии “Одноклассники”, “Вайбер”, “Имо”, “Вотсапп”, “Телеграмм”, “Конверсейшин” ва “Инстаграмм” бо аъзоён ва ҷангиёни иттиҳоди ҷиноятии экстремистию террористии Давлати  Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) бо тахаллуси “Аш шишанӣ” ва баъдан бо аъзои дигари иттиҳоди ҷинояти бо тахаллуси “Зейд” шиносоӣ пайдо карда, худашро дар ин саҳифа ва барномаҳои интернетӣ бо номҳои “Муҳоҷир”, “Абу Муҳоҷир” ба қайд гузошта мунтазам бо онҳо муошират намудааст.

Сайдалиев О.И. охирҳои  моҳи  августи  соли 2018 ба Тоҷикистон баргашта, аз аввалҳои моҳи сентябри соли 2018 бо тавсияи “Зейд” бо аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” шаҳрванди Тоҷикистон Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, бо тахаллуси “Абу Усомаи Норакӣ” (нисбаташ бо моддаи 4011 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар кофтуков қарор дорад) ва пасон бо аъзои дигари ин ташкилоти экстремистӣ бо тахаллуси “Абу Аббос” ба алоқа баромада, ҳамарӯза муошират кардааст. Бо даъват ва роҳнамоии Назаров Т.М., бо роҳи “байъат” кардан номбурда ба Абубакри бағдодӣ, яъне савганд ёд кардааст, ки то охири умр ба ӯ содиқ монда, ҳамчун иштирокчӣ дар иттиҳоди ҷиноятӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми супоришҳои ӯро иҷро карда, дар роҳи пешгирифтааш ҷонашро нисор мекунад.

Гуфта мешавад, инчунин ӯ, такроран моҳи сентябри соли 2018, дар гурӯҳи муташаккил, бо маслиҳати пешакӣ аз аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ (ифродгароӣ) терористии “ДИИШ” шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, бо тахаллуси “Абу Усомаи Норакӣ”  кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷаъмиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, супориш гирифтааст, ки қатли раиси маҳалаи деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор Ятимов Сайфулло  Сатторовичро иҷро намуда, ӯро бурда дар ягон ҷой гӯронад.

Ҳамзамон ҳангоми мулоқот намуданаш, авалҳои моҳи ноябри соли 2018, супориши навбатии ӯро оиди муайян намудани суроғаи зисти  Муҳиддинов Диловар Абдулоевич сокини ноҳияи Фархор ҷамоати деҳоти Ғайрат деҳаи Фозилон ва оташ задани манзили истиқоматӣ ё автомашинааш қабул намуда бо ҳамин мақсад ба суроғаи мазкур рафта, бо воситаи телефони мобилӣ манзили истиқоматиро расм гирифта бо воситаи шабакаи интернетии онро ба суроғаи Назаров Т.М., равон намуда, барои амали нақшаи таҳрезигардидаи ҷинояткоронаашон супориши номбурдаро интизор шудааст. Дар ин давом аввалҳои моҳи декабри соли 2018, ҳангоми бори навбатӣ мулоқот намудан бо Назаров Т.М. ба ӯ расми бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ирсол намуда, супориш додааст, ки дар бинои ВКД ҶТ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, кормандони милитсияро, бо норинҷак ва силоҳи оташфишон автомати тамғаи Калашников ба қатл  расонида, “ҷиҳод”-и ҷониро ба ҷо орад.

Аз ин рӯҳбаланд гашта Сайдалиев О.И, ба иҷрои   супориши Назаров Т.М. омода будани худро иброз намуда, таърихи 19-уми декабри соли 2018 ба шаҳри Душанбе омадааст. Тибқи  маслиҳати  пешакӣ бо Назаров Т.М. ӯ рўзи 20.12 соли 2018 телефони мобилӣ ва 200 доллари ИМА-ро гирифта, хонаеро ба иҷора гирифтааст. Сипас аз ҷои таъиннамудаи Назаров Т. М. автомати Калашников  ва якчанд  адад  норинчакҳоро (гранатаҳоро)  мегирифтааст, бо мақсади  ноором сохтани вазъият, тарсу ҳарос  пайдо  намудан  дар байни  аҳолӣ  ба бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷуми  мусаллаҳона мекардааст.  Таърихи 20 декабри соли 2018 ҳангоми аз ҷои таъинкардаи Назаров Т.М., яъне соҳили дарёи «Душанбе» гирифтани  телефони мобилӣ ва 200 доллари ИМА Сайдалиев О.И. аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, новобаста аз иродааш мақсади худро амалӣ карда натавонист.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.