Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Ин тадбир ба баргузории панҷумин Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе марбут аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар шаҳри Душанбе ба чораҳои таъмини бехатариву амният дар ин рӯзҳо тақвият бахшида мешавад. Барои ин аз минтақаҳои кишвар ба шаҳри Душанбе нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар шудааст.

Шурӯъ аз имрӯз то санаи 16 июн дастаҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ доимо макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбону боғҳо, биноҳои ҳукумату парлумонро мунтазам зери назорат хоҳанд дошт.

Роҳҳоеро, ки қатори автомашинаҳои ҳайатҳои баландпояи меҳмонони ҳамоиш тариқи он ҳаракат мекунанд, кормандони сохторҳои қудратӣ таҳти посбониву назорат қарор медиҳанд.

Пагоҳ дар Душанбе ҳамоиши МҲТБО доир мегардад, ки дар он сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш, Туркия ва Шри-Ланка, ҳамчунин сарвазири Афғонистон Абдулло Абдулло иштирок мекунанд.

Дар робита ба баргузории ин чорабинӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии пойтахт рӯзҳои истироҳат эълон шуд, зеро дар аксари роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад.

 


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.