Муҳосибони Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон воситаҳои давлатиро ғайриқонунӣ азхуд кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, Мавлуда Қушоқова ва Манижа Маҳмадшоева зимни фаъолият дар ин муассиса аз 6 январи соли 2017 то моҳи майи соли 2019 тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо зиёда аз 96 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардаанд.

Гуфта мешавад, онҳо ба асноди расмӣ дидаю дониста маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, аз ҳисоби бастаҳои холӣ (вакантҳо) варақаҳои музди меҳнати электрониро сохтакорӣ ва бо ин роҳ музди маош ҳисоб карда, маблағҳоро азонихуд ва ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба онҳо ба муҳлати то се сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин шуда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.