Аз рӯи муроҷиати корбарони шабакаи Facebook кормандони милитсияи пойтахт ҷавони 20-соларо барои лату кӯби духтар боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 13 август корбари Facebook ба мақомоти милитсияи пойтахт навори видеоеро мефиристад, ки дар он аз ҷониби ҷавоне лату кӯб шудани духтар дар таксӣ дида мешавад. Дар ҷараёни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 20-солаи шаҳри Душанбе Некрӯз Мазам боздошт шудааст.

“Ронандаи таксӣ ҳамчун шоҳид ва худи гумонбаршуда тасдиқ намуданд, ки ин ҳодиса моҳи июн рух додааст. Неркӯз иқрор шуд, ки он замон ба духтари шиносаш ба муноқиша пардохта, шаъну эътибори ӯро назди одамон паст ва як маротиба бо пояш духтарро задааст”, - қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавал, нисбати Некрӯз Мазамов мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон - "майдаавбошӣ" санад тартиб дода шудааст.

“Суди ноҳияи Сино ба сифати ҷазо ба Мазамов 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кард. Ӯ ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе  фиристода шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мешавад”, - қайд мекунад дафтари матбуоти РВКД Душанбе.

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба фаъол будан ва фиристодани аксҳо бо далелҳои қонуншиканӣ тариқи почтаи [email protected], ба саҳифаи расмии Раёсат дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ё занг задан бо телефони (+99237) 221-15-00 даъват мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.