Дар суди шаҳри Хуҷанд ду мурофиа тибқи огоҳона сироят кардан ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ба итмом расид.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди мазкур хабар доданд, мурофиаҳо алоҳида нисбати занони сокини 41-солаи шаҳри Хуҷанд ва сокини 45-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, мақоми онҳо ҳамчун гирифтори ин беморӣ дар Маркази мубориза бо Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ, СПИД) тасдиқ шудааст.
“Дар он ҷо ба онҳо дар бораи чунин мақом доштанашон хабар дода, огоҳ карда буданд, ки барои сироят накардани дигарон, чораҳои пешгириро риоя намоянд, лекин бо вуҷудӣ огоҳӣ, онҳо бо мардон ҳамхобагӣ карда, онҳоро зери хатар гузоштаанд”, - қайд кард манбаъ.
Зимнан зикр шуд, ки суд онҳоро мутобиқи моддаи 125, қ. 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Сироят кардан бо инфекцияи ВИЧ. Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфекцияи ВИЧ гузоштани шахси дигар) гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум намуд.
Ёдрас мекунем, ки дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2018 прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов хабар дода буд, ки танҳо давоми моҳи январи соли 2019 нисбати шахсони сироятёфта аз ВНМО, ки дидаву дониста шахсони дигарро сироят кардаанд, 7 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста