Декани факултаи иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба гумони қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, декани факултаи иқтисод ва тиҷорати ин донишгоҳ Эмомалӣ Шералиев моҳи сентябри соли равон ба шаҳрванд “А” ваъда додааст, ки ба ивази 19 ҳазор сомонӣ ва 600 доллар (ҳамагӣ 2,558 доллар) ӯро якбора ба соли дуюм таҳсил қабул мекунад.

“Декан бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ пулро гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода намудааст. Аммо шаҳрванд “А” донишҷӯ нашуда, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард”, - хабар медиҳад Агентӣ.

Нисбат ба Эмомалӣ Шералиев мутобиқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.