Дар ноҳияи Восеъ ба гумони даст доштан ба ташкил ва нигоҳдории қиморхона сокини 68-солаи деҳаи Кадучӣ Раҷабалӣ Табаров боздошт шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар манзили ӯ қиморхонаро ошкор кардаанд.
Гуфта мешавад, Табаров боз чанде аз ҷавонони маҳаллӣ: Ҷовидон Табаров, Сайҷалол Муродов, Кароматулло Неъматулло ва Рустам Давлатовро низ ба бозии қимор ҷалб кардааст.
“Дар ҷойи бозӣ пули 100-сомона, шаш адад пули 20-сомона, 13 адад 10-сомона, як 5-сомона, як 3-сомона, картаҳои қиморбозӣ ва 2-адад чоркунҷаҳои ишоратӣ (зарик) дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд”, - омадааст дар хабари ВКД.
Нисбат ба Раҷабалӣ Табаров мутобиқи моддаи 240 КҶ ҶТ (Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз 6 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
МВД Таджикистана приглашает граждан стать мобильными журналистами для борьбы с преступностью
«Хотел освободить парня от службы». Замглавы Шахритуса задержан за взятку в 5 тысяч сомони
Против участников конфликта в Гисаре, попавшего на видео, составлены протоколы
Мосгорсуд признал законным арест фигуранта дела о теракте в "Крокусе"
Запуск первого прямого авиарейса из Таджикистана в Грузию!
17-летний юноша погиб в результате удара молнии в Согдийской области
Комитет по туризму Таджикистана: Риск чумы в Саратоге минимален, но меры безопасности не исключаются
В Иране к смертной в казни приговорен популярный рэпер Томадж Салехи
Сколько стоит проезд в столицах Центральной Азии?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста