Зане, ки барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида буд, бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

“Вақте барои кори накарда бояд ҷарима супорӣ, хеле аламовар аст. То ҳол ин маблағро напардохтаам, чун шароити иқтисодӣ ба ман имкони пардохти онро намедиҳад. Ду фарзанди бемор дорам, ки нафақаи ҳар дуи онҳо 540 сомониро ташкил медиҳад. Фарзандонам гирифтори бемории “хрусталные дети” (“кӯдакони булӯрин”) мебошанд, ки дар шаби хобашон устухонҳои чанд узви баданашон мешиканад. Ин маблағ ҳатто барои харидани калсий ва доруҳои худи онҳо намерасад. Чӣ хел ман ҳозир ин ҷаримаро месупорам? Шаби дароз хоб нарафтам ва фикр кардам, ки ин пулро аз куҷо пайдо кунам?”, - гуфт ба “Азия-Плюс” Нилуфар Раҷабова.

Тибқи иттилои ВКД, шаҳрванд Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 7 ноябри соли 1990, сокини шаҳри Душанбе 14-уми декабр дар кӯчаи Карамоваи пойтахт ба шаҳрванд Абдуллоева Р.Х. суханони кабеҳи таҳқиромез зада, ҳуқуқвайронкунӣ содир намудааст.

“Абдуллоева Р.Х. маҷбур шудааст, оиди ҳолати мазкур ба кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳолати мазкур маводҳои заруриро омода намуда, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд. 18 декабри соли 2019 суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҷабова Н.Р.-ро бо моддаи 460 КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ таъин намуд. Раҷабова Н.Р. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, маблағи номбурдаро ихтиёран супорид”, - навишта шудааст дар сомонаи хабарии ВКД.

Аммо Нилуфар Раҷабова вобаста ба ин қазия изҳор дошт, ки ҳеҷ касро суханони қабеҳ нагуфтаву таҳқир накардааст ва ӯро бо роҳи фиреб ба додгоҳ бурдаанд. Вай афзуд: “Дирӯз ба хонаи мо 3 мард омада, худро кормандони Прокуратураи генералӣ муаррифӣ карданд ва бо муомилаи хуб хоҳиш намуданд, ки бо онҳо равем. Бо мошини сафеди Toyota Camry омада буданд. Рақами мошин пурра дар хотирам нест – 0007 буд. Онҳо гуфтанд, ки барои ҳалли қазия меравем. Ҳамаи калонҳо ва генерал ҷамъ мешаванд. Ҳамроҳ бо модаратон шиносномаҳои худро гиред – шуморо рӯ ба рӯ мекунанд, зеро онҳо ҳақ надоштанд, ки даст бардошта, суханҳои номардона гӯянд. Мо бовар кардем ва моро соати 1-и нисфирӯзӣ омада, гирифтанду ба суди ноҳияи Сино бурданд. Судя ба ман варақа дод, ки “шумо ҷабрдидаед ва ҳаминро пур карда, имзо монед, ки шумо розӣ ҳастед, мо ҳамин корро сар кунем ва касе шуморо хафа кард, ҷазо дода шавад”. Аммо бинед, ки чӣ хел моро бо фиреб гирифта бурданд ва баъдан ҷарима бастанд. Вақте фаромада, пурсидем: “Канӣ одамоне, ки моро оварданд?”, гуфтанд: “Онҳо дар ин ҷо кор намекунанд”.

Ба қавли Нилуфар Раҷабова, ӯ танҳо дар мурофиа огоҳ шудааст, ки ҷабрдида на ӯ, балки Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати ноҳияи Сино будааст.

“Баъдан як шоҳид бо номи Фотима даромад, ки ҳатто номи “ҷабрдида”-ро намедонист. Вай гуфт: “Вақте ин занак ӯро қапид, ӯ гапҳои қабеҳ гуфт”. Ман бо иҷозати судя Ҷамолиддин Ашӯрзод ба Фотима муроҷиат кардам: “Апа, ман туро якум бор дида истодаам. Барои чӣ дурӯғ мегӯйӣ? Ман чӣ дашном додам?” Вай ба Раъно ишора карда, гуфт: ”Ана ҳамин занак чизе мегӯяд, рост аст”. Хулоса, аламовар аст, ки маро ҷарима бастанд ва хандаовар аст, ки шоҳидашон бехабар аст, барои чӣ оварда шудааст. Ман исботи суханони худро доштам ва ҳамаи ин ҳолатро дар диктофон сабт карда будам. Ба судя гуфтам, ки як бор шумо сабтро гӯш кунед, дар он ҷо ман на саркашӣ кардам, на ягон гапи зиёдатӣ гуфтам. Ба ягон суханам гӯш накард ва 6 моддаро хонда, гуфт, ки “мо метавонем туро сахттарин ҷазо диҳем, аммо хотири ҳамон 2 кӯдаки маъюбатро кардем, ки онҳоро кӣ нигоҳ мекунад? Ба ҳамин хотир 550 сомонӣ ҷарима мекунем”.

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои санҷидани дурустии ин гуфтаҳои Нилуфар Раҷабова ба рақами кории судяи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Ашӯрзод занг зад. Марди гӯширо бардошта пас аз худро муаррифӣ кардани хабарнигор гуфт, ки “ҳозир мо одам дорем, мурофиа дорем” ва тамоси телефонӣ қатъ шуд.

Нилуфар Раҷабова мегӯяд: “Маро муттаҳам ба он карданд, ки гӯё ман президентро ҳар чӣ гуфта бошам ва баъд Раъноро гӯё ки ман гуфта бошам: “Шумо нонхӯрони ҳаромхӯр”. Баъдан гӯё гуфта бошам, ки дар Тоҷикистон адолат нест ва беқонунист”.

Дар робита ба ин қазия хабарнигори “Азия-Плюс” бо Раъно Абдуллоева, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати ноҳияи Сино тамоси телефонӣ гирифта, аз ӯ пурсид: “Нилуфар Раҷабова оё шуморо таҳқир кард ва ягон сухани қабеҳ гуфт?” Раъно Абдуллоева иброз дошт: “Ҳо, ҳамин хел буд воқеъият. Мо ҳамон чизе буд, ба раисикунандаи суд факт қатӣ пешниҳод кардем. Ҳамон чизе, ки тартиб буд, раисикунандаи суд худаш таъиноташро баровард. Медонед, суд аз номи давлат таъиноташ мебарояд”. Сипас ӯ ба суоли: “Оё шумо рафта, худатон муроҷиат кардед?” чунин посух дод: “Не, мо муроҷиат накардагием. Мо гирифтем, супоридем”.

Нилуфар Раҷабова дар охири суханронияш ба “Азия-Плюс” гуфт: “Телефони маро бо флеш-карта мусодира карданд. Барои чӣ ман расонаӣ кардам? Чунки ба ман таҳдид карданд: “Телефонат дар дастамон ва ту – духтари хоинро бурда, дар бари падарат мешинонем”. Ба ҳамин хотир ман расонаӣ ва пешгирӣ кардам, ки 2 фарзанди маъюби ман бо кӣ мемонад?”

Қобили зикр аст, ки дар охири хабари нашркардаи ВКД чунин навишта шудааст: “Падари Раҷабова Нилуфар шаҳрванд Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 1958 соли таваллуд барои содир намудани ҷиноятҳои моддаҳои 179 қисми 3 (терроризм), 187 қисми 1 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 313 (исёни мусаллаҳона) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Ҳамчунин бародараш Шуҳрати Раҳматулло 1982 соли таваллуд барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 187 қисми 2 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 қисми 3 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти ифротгароӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад”.

Вобаста ба қазияи Нилуфар Раҷабова раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров рӯзи 16-уми декабр дар саҳифаи фейсбукии худ ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Ҳамро ва Сардори шуъбаи корҳои дохилии №2-и ноҳияи Сино Каҳҳоров муроҷиатнома нашр кардааст.

“Духтар беасос аз ҷониби кормандони полиси ноҳияи Синои 2 боздошт шуда, 5 соат дар боздошт нигаҳдорӣ шудааст. Мувофиқи хосташон масхара кардаанд, бо баҳонаи он ки вай либоси исломӣ пӯшидааст, ҳатто таҳдид кардаанд, - омадааст дар муроҷиатномаи раиси ҲСДТ. - Агар шумо бар зидди бародари ин духтар даъво дошта бошед, лутфан, даъвои худро ба бародараш пешниҳод кунед... Духтар барои бародараш ҷавобгар нест”.
“Интихоби пӯшидани либос ҳуқуқи шахси мушаххас аст. Ин аз Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ бармеояд. Ин ҳуқуқи шахсии инсон аст. Мо, аз занони тоҷик чӣ талаб мекунем, то онҳо либосҳои якхела дошта бошанд, дар дасти лӯхтакбозҳо лӯхтак шаванд. Пас, шахсияти инсон ба куҷо хоҳад рафт? Ман шахсан ин духтарро ва модари ӯро намедонам, ман бо онҳо ошно нашудам. Аммо онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва пеш аз ҳама онҳо ИНСОНАНД, ҳар яки онҳо шахсиятанд ва ба онҳо тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар Конститутсия ва қонунҳои кишвар муқарраршуда дода шудаанд. Пас, муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон, лутфан, меҳрубон бошед ва қонунҳои кишварро риоя кунед, ҳуқуқҳои одамонро эҳтиром кунед”, - навиштааст Раҳматилло Зойиров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.