Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар шаҳри Душанбе 10 кас боздошт шудаанд, ки 2 нафарашон меҳмонони пойтахт – сокинони вилояти Суғд мебошанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсияи пойтахт дар марҳилаи навбатӣ 10 нафарро боздошт карданд, ки бо худ силоҳи сард мегардониданд. Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз онҳо 10 адад корд дарёфту мусодира шудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо силоҳи сард мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, нисбат ба ду нафар ҳабси маъмурӣ, дар нисбати волидайни як ноболиғ протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон) ва нисбат ба 7 нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардиданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нохуши он огаҳанд, бетараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд, то онҳо чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро ҳамроҳи худ гардонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.