Як корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар робита ба қазияи боздошти ҷавонзани ҳиҷобдор Нилуфар Раҷабова танбеҳ гирифт. Нилуфар 14-уми декабри соли 2019 барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида буд ва пас аз чанд рӯз бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сабоҳат Маҳмадалиева имрӯз, 12-уми феврал ба хабарнигорон гуфт: “Он корбарие, ки маҳз аз ҷониби зерсохтори мо шуда буд, албатта, рафтори корманди мо нодуруст буд. Дар ҷаласаи назди раиси Кумита ин масъала аллакай баррасӣ шуд ва ҳатто он корманди мо танбеҳ гирифт. Корбарӣ на ба ин тарз бояд карда шавад. Ба он тарзе бояд корбарӣ шавад, ки шаъну шарафи инсон поймол нагардад”.

Ин масъули Кумита мегӯяд: “Нилуфар Раҷабова, ки дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ овоз баланд карданд, шахсан ман худам телефонӣ бо он кас дар тамос шуда, бисёр хоҳиш кардам, ки ариза ҳам надиҳанд, ақаллан, як бор ба Кумита биёянд ва шифоҳӣ муроҷиат кунанд, то мо ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳем. Вале мутаассифона, он кас ташриф наоварданд”.

Вай афзуд: “Дар мавриди дахолат ва рафтори дағали корманди худамон аллакай қайд кардам, ки аз ҷониби роҳбарияти Кумита корбарӣ шудааст... Гуфтанд, ки “аз дасти ман қапиданду то ба милисахона ҳамроҳи кормандони ВКД бурданд”. Дар ин маврид мо бо корманди худамон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондем. Итминон дорем, ки минбаъд ин гуна ҳодисаҳо рух намедиҳанд”.

Ӯ ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботии байни занони ҳиҷобпӯш аз номи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ сӯистифода мешавад.

“Имрӯз он нафароне, ки вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, яъне пешгирии сатру ҳиҷоб дар байни занону бонувон корҳои тарғиботии нодуруст бурда истодаанд ва худро ҳамчун кормандони ё Кумита, ё зерсохторҳои мо муарифӣ мекунанд, пеш аз оне, ки ҳамсуҳбат мешаванд, бояд занон ҳуҷҷати расмии онҳоро пурсанд, ки аз кадом сохтор бо онҳо корбарӣ намуда истодаанд. Чунин ҳолатҳо ҳам буданд, ки аз номи Кумита ва зерсохторҳои мо гап мезананд, вале вақте ки мо мавриди баррасӣ қарор медиҳем, аён мегардад, ки он корманд на ба Кумита тааллуқ дорад, на ба зерсохтори мо”, - гуфт Сабоҳат Маҳмадалиева.

Ба қавли ӯ, корҳои фаҳмондадиҳие, ки имрӯз аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар мавриди арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва махсусан, забону либоси миллӣ меравад, яке аз равандҳоест, ки барои пос доштани рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ равона гардидааст.

Тибқи иттилои ВКД, шаҳрванд Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 7 ноябри соли 1990, сокини шаҳри Душанбе 14-уми декабр дар кӯчаи Карамоваи пойтахт ба шаҳрванд Абдуллоева Р.Х. суханони кабеҳи таҳқиромез зада, ҳуқуқвайронкунӣ содир намудааст.

“Абдуллоева Р.Х. маҷбур шудааст, оиди ҳолати мазкур ба кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳолати мазкур маводҳои заруриро омода намуда, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд. 18 декабри соли 2019 суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҷабова Н.Р.-ро бо моддаи 460 КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ таъин намуд”, - навишта буд сомонаи хабарии ВКД.

Аммо Нилуфар Раҷабова вобаста ба ин қазия изҳор дошт, ки ҳеҷ касро суханони қабеҳ нагуфтаву таҳқир накардааст.

“То ҳол ин маблағро напардохтаам, чун шароити иқтисодӣ ба ман имкони пардохти онро намедиҳад. Ду фарзанди бемор дорам, ки нафақаи ҳар дуи онҳо 540 сомониро ташкил медиҳад. Фарзандонам гирифтори бемории “хрусталные дети” (“кӯдакони булӯрин”) мебошанд, ки дар шаби хобашон устухонҳои чанд узви баданашон мешиканад. Ин маблағ ҳатто барои харидани калсий ва доруҳои худи онҳо намерасад. Чӣ хел ман ҳозир ин ҷаримаро месупорам? Шаби дароз хоб нарафтам ва фикр кардам, ки ин пулро аз куҷо пайдо кунам?”, - гуфта буд ӯ ба “Азия-Плюс”.

Нилуфар Раҷабова 12-уми январи соли ҷорӣ ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш карда буд, барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намояд.

Ӯ нусхаи ин мактубро “Азия-Плюс” ирсол карда, зимни суҳбат гуфта буд, ки ноадолатӣ ва хомӯшии шахсони дахлдор водораш кардааст, ба Озода Раҳмон мактуб навишта, онро расонаӣ бикунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.