Як марди 30-сола дар пойтахт духтарони хурдсолро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад, аммо баъдан боздошт шуд.

Бино ба иттилои ВКД, ин мард сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буда, қаблан бо моддаҳои 104 (Одамкушӣ), 138 қисми 3 (Таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) ва 244 қисми 2 (Дуздӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст. Вай ҳамчун гумонбар дар содир кардани ин ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудааст.

Ӯ рӯзи 5-уми апрел ҳангоми дар назди МТМУ №77, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ба тариқи ошкоро аз гӯшҳои ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 6-солаи сокинони кӯчаи мазкур гӯшворҳои тиллоиро, ки арзиши онҳо 2000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.