Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар кирдори роҳзанӣ сокини 24-солаи пойтахт дастгир шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, шаби 14 апрел гумонбаршуда ба сар ниқоб баста, бо мақсади ғоратгарӣ ба манзили зани 30-солаи пойтахт ворид мешавад.

“Сипас бо корд ӯро таҳдиди куштан карда, аз дохили ҷевон 10 ҳазор рубли русӣ, 100 доллари амрикоӣ, 300 сомонӣ ва 1 адад ангуштарини тиллоиро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, маблағи умумии зарари расонидашуда ба соҳибхоназан 4 ҳазору 700сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.